Декабр 27, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди эътои раводиди 5 сола ба сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои сармоягузорони хориҷӣ, ки дар иқтисоди ин кишвар як миллион доллар манобеи молӣ ҳазина мекунанд, раводиди касирувуруди 5 сола эъто гардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки ин барнома муҷиби ҷазби бештари гардишгарон ва сармоягузорони хориҷӣ хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин хостори эътои раводиди гардишгарии 60 рӯза ба атбои хориҷии мутақозии сафар ба Тоҷикистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои осонсозии сафари ҳамзабонони хориҷӣ ба Тоҷикистон, ба ин афрод раводиди касирвуруди 3 сола эъто гардад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз 200 ширкати хадамоти гардишгарӣ фаъолият мекунад ва тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар аз атбои хориҷӣ ба ин ҷумҳурӣ сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 20 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Вай ҳамчунин хостори беҳбуди омодасозӣ ва омӯзиши кадрҳои мавриди ниёз дар бахши гардишгарии Тоҷикистон шуд ва бар зарурати таъсиси донишкадаи хадамоти гардишгарӣ таъкид кард.

 

Барчасп