Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Ҳаҷми табодулоти Эрон ва Тоҷикистон бояд ба як миллиард доллар бирасад
(last modified 2020-01-02T15:53:01+00:00 )
Январ 02, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Ҳаҷми табодулоти Эрон ва Тоҷикистон бояд ба як миллиард доллар бирасад

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт,  ҳаҷми табодулоти ин кишвар бо Эрон дар соли 2013 беш аз 300 миллион доллар буда, ки ин мизон аз табодулот бояд ба як миллиард доллар дар сол бирасад.

Низомиддин Зоҳидӣ дар дидор бо раис ва ҳайати мудираи Утоқи бозаргонии Систон ва Балучистон изҳор дошт, Тоҷикистон алоқаманд ба густариши равобити иқтисодӣ бо Эрон аст ва бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории ду кишвар ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ бояд ба як миллиард доллар бирасад.

Вай бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва забонии ду кишвар, афзуд, интизор дорем иртибот байни мардуми Эрон ва Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш ёбад ва мардуми Эрон ҳамчун дигар сафарҳои худ аз кишвари мо низ дидан кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон идома дод, Систон ва Балучистон дорои зарфиятҳои бисёре аст ва бояд аз ин мазиятҳо дар канори имконоти Тоҷикистон барои тавсеаи содирот ва воридот истифода кунем.

Вай баён кард, Тоҷикистон муҳити мусоиде барои сармоягузорӣ бавижа дар манотиқи иқтисодӣ эҷод карда, ки аз ҷумлаи он ба маофиятҳои молиётӣ барои сармоягузорон метавон ишора кард.

Зоҳидӣ тасреҳ кард, пахта ва алюминий аз ҷумлаи маҳсулоти Тоҷикистон аст, ки ба кишварҳои мухталиф содирот мешавад.

Вай изҳор дошт, дар ҳавзаи сармоягузорӣ аз эҷоди нерӯгоҳҳои оби барқӣ бо таваҷҷуҳ ба шароити муҳитии Тоҷикистон ҳамвора истиқбол мекунем.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, Эрон ва Тоҷикистон муштаракоти зиёде дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг ва адабиёт доранд, ки мутаассифона ба вуҷуд омадани бархе масоил чанд сол равобити ин ду кишварро камранг кард, аммо имсол соли хубе буд ва муҷаддадан ин таомул шакл гирифт.

Вай гуфт, ҳар ду кишвар иродаи сиёсии худро барои тақвияти равобит иброз доштанд ва имсол як комиссияи муштарак барои тақвияти иртиботот ва муровидот дар Теҳрон ташкил шуд ва чанд рӯзи пеш низ намоишгоҳе аз колоҳои эронӣ бо меҳварияти устони Хуросони Разавӣ дар кишвари мо баргузор шуд, ки ин масоил нишондиҳандаи ниёз барои талоши бештар дар заминаи тақвияти равобит дар тамоми сутӯҳ аст.

 

Барчасп