Январ 12, 2020 21:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар интихобот бо ҳашт номзад

Мақомоти Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон эълом кардаанд, ки бо 8 номзад, дар интихоботи парлумонии аввали моҳи март ширкат хоҳанд кард.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, мақомоти ин ҳизб пас аз нишасти ҳизбии ахири худ дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки 8 нафарро ба ҳавзаи воҳиди аҳзоби сиёсӣ, барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ муаррифӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон аз замони таъсиси ин гурӯҳи сиёсӣ дар соли 1996, танҳо дар интихоботи парлумонии соли 2015 муваффақ шуд Абдулҳалим Ғаффоров, раиси ин ҳизбро вориди Маҷлиси намояндагони ин кишвар кунад.

Дар наздик ба ду даҳа, ба далели таҷзияи Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон ба ду ҷиноҳ, ин гурӯҳи сиёсӣ натавонист ба унвони як созмони мунсаҷим вориди саҳнаи рақобати ҳизбҳзои сиёсии ин кишвар шавад.

Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби Сотсиалити Тоҷикистон, ки дубора барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи март номзад шудааст, мегӯяд, ки дар 5 соли фаъолияти хеш дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар, ҳамвора аз манофеи мардум ҳангоми ироаи қавонини иҷтимоӣ дифоъ кардааст.

 

Барчасп