Гумоназании коршиносони сиёсӣ дар бораи раиси ояндаи Парлумони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49988-Гумоназании_коршиносони_сиёсӣ_дар_бораи_раиси_ояндаи_Парлумони_Тоҷикистон
Коршиносони сиёсии Тоҷикистон аз Муҳаммадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири ин кишвар, ки аз номзадҳои Ҳизби ҳокими Халқи демократӣ ба шумор меравад, ба унвони раиси Маҷлиси ҷадиди намояндагони ин кишвар ном мебаранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 15, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Гумоназании коршиносони сиёсӣ дар бораи раиси ояндаи Парлумони Тоҷикистон

Коршиносони сиёсии Тоҷикистон аз Муҳаммадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири ин кишвар, ки аз номзадҳои Ҳизби ҳокими Халқи демократӣ ба шумор меравад, ба унвони раиси Маҷлиси ҷадиди намояндагони ин кишвар ном мебаранд.

Ба нақл сомонаи Азия Плюс, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки бар асоси тақсимбандии ба ҷо монда аз даврони ҳукумати Шӯравӣ, ки намояндаи минтақаи Рашт, раёсати Парлумони Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт, акнун Муҳаммадтоҳир Зокирзода пас аз интихоботи аввали моҳи март ба унвони раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар мансуб хоҳад шуд.

Сайдулло Хайруллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, намояндагони водии Рашт низ ҳар як ба муддати 10 сол, дар ду давра раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бар ӯҳда доштанд.

Бар асоси қонунҳои нонавишта, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи вилояти Хатлон, нахуствазир аз вилояти Суғд ва раиси Парлумон, намояндаи водии Раштр хоҳанд буд.

Аз дидгоҳи Муҳаммадазимов, ин тақсимбандӣ навъе тавозуни қудрат миёни нухбагони се минтақаи ин кишвар маҳсуб мешавад.

Вй бар ин бовар аст, ки бояд интихоботи раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз миёни афроди роҳёфта ба Парлумон, бидуни мудохилаи ҳукумати ин кишвар сурат гирад.