Январ 17, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 39 маркази раъйдиҳӣ дар 30 кишвар барои интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Раиси дафтари Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз фаъолияти 39 маркази раъйдиҳӣ дар 30 кишвари мухталифи ҷаҳон дар рӯзи интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Наврӯз Самадзода, раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар нишасти ин комиссия гуфт, дар аввали март - рӯзи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар 30 сафоратхона ва 9 маркази консулӣ дар хориҷ аз ин кишвар марказҳои раъйдиҳӣ фаъолият хоҳанд кард.

Самадзода бо ишора ба таблиғоти интихоботии номзадҳои намояндагӣ дар парлумони Тоҷикистон таъкид кард, таблиғот дар маконҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, муассисоти пешдабистонӣ ва масоҷид муҷоз нест.

Ин мақоми тоҷик ҳамчунин гуфт, ҳама нозирони байналмилалии ин интихобот таҳти ҳимояти давлати Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард.

Барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз 7 ҳизби сиёсӣ 70 номзад ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар пешниҳод шудааст.

Пешбинӣ мешавад, бар раванд интихоботи парлумонии ин кишвар ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 март баргузор мешавад ва намояндагони аҳзоб ва афроди мустақил барои касби 63 курсии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

 

 

 

 

Барчасп