Январ 21, 2020 10:42 Asia/Dushanbe
  • Ташвиқгари тоҷикон барои пайвастан ба ДИИШ боздошт шуд

Мақомоти амниятии Русия фардеро, ки муттаҳам ба ташвиқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ аст, боздошт карданд.

Ба нақл аз иттилоияи Дафтар матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия, боздошти ин шахс, ки ному миллияташ ифшо нашуда дар яке аз хобгоҳҳои зодагони Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифтааст.

Мақомоти амниятии Русия муддаӣ ҳастанд ин таблиғгари  ДИИШ дар соли 2015 ду шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти таъсири афкори худ қарор дода ва барои рафтан ба Сурия ва ҳузур дар сафҳои гуруҳи террористӣ-такфирии ДИИШ ташвиқ кардааст.

Таи солҳои ахир нерӯҳои амниятии Русия шумори қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони ин кишвар ва кишварҳои хориҷӣ ба хусус аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қафқозро ба иттиҳоми гаравидан ба ДИИШ боздошт ва зиндонӣ кардааст.

Дар ҳамин росто мақомоти Тоҷикистон низ эълом кардаанд аксари тоҷикони ширкаткунанда дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дар қолиби гуруҳҳои террористӣ монанди ДИИШ бо ҳузур дар Русия таҳти таъсири мубаллиғони ин гуруҳҳо қарор гирифтаанд.