Боздошти чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ихвон-ул-муслимин
(last modified 2020-02-04T06:10:52+00:00 )
Феврал 04, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ихвон-ул-муслимин

Чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ихвон-ул-муслимин боздошт шуданд.

Ба нақл аз Ахбор, Зиёдалӣ Тӯраев ва Ҳикматшоҳ Ҳомидиён устоди Донишгои ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон ва устоди риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ва Хайрулло Ҷабборов  табиби шинохтаи бемориҳои қалб, ки Донишгоҳи тиббии шаҳри Хартум, пойтахти Судонро хатм карда, дар миёни боздоштшудагон ҳастанд.

6 сокини шаҳристони Норак  низ ба иттиҳоми узвшудан дар гуруҳи Ихвон-ул-муслимин боздошт шуданд.

Фаолияти гуруҳи Ихвон-ул-муслимин бо тасвиби Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин кишвар мамнӯъ аст.