Феврал 19, 2020 15:43 Asia/Dushanbe
  • Эъломи соат ба соати ҳузури мардум дар интихоботи Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки дар рӯзи интихобот ҳузури раъйдиҳандагон дар марказҳои раъйдиҳӣ мураттаб ба мардум эълом хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, тибқи эъломи ин ниҳоди раъйдиҳӣ, интихоботи аввали марти Прлумони Тоҷикистон аз соати 6:00- и субҳ то 20: 00- и шаб ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад дошт.

Дар сурати ҳузури беш аз 50 дарсад аз ҷамъияти 4 миллиону 700 000-нафарии дорои шароити раъй, интихоботи Маҷлиси Тоҷикистон баргузоршуда эълом хоҳад шуд.

Баргаҳои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба чор забони тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ ва қирзиғӣ чоп мешавад.

 

Барчасп