Март 01, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллӣ дар  Тоҷикистон

Чаҳорумин даври интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон аз соати 6 субҳи имрӯз дар саросари ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин интихобот то соати 20 дар ҳавзаҳои раъйпурсӣ идома дорад.

Бар асоси эъломи Камиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон, то соати 9 субҳи имрӯз ба вақти Тоҷикистон 23 аз даҳ чаҳор дарсад баробар бо як миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд.

Дар ин интихобот 4 миллиону 900 ҳазор нафар дорои шароити овоз додан ҳастанд ва дар сурати мушорикати 50 дарсади ин ашхос, интихобот баргузоршуда арзёбӣ хоҳад шуд.

Чаҳорумин даври интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар  се ҳазору 450 ҳавзаи дохилӣ ва 30 сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар баргузор ва натиҷаҳои он фардо эълом мешавад.

Дар Русия низ 5 пойгоҳи интихоботӣ барои ширкати тоҷикони муқими ин кишвар дар интихоботи парлумонӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар Эрон ин интихобот фақат дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Баргаҳои ин интихобот ба чаҳор забони русӣ, узбакӣ ва қирғизӣ дар ихтиёри ширкаткунандагон қарор мегирад.

 

Барчасп