Даъвати ҷавонон барои ҳузур дар хидмати сарбозии Тоҷикистон
(last modified Tue, 31 Mar 2020 13:46:40 GMT )
Март 31, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Даъвати ҷавонон барои ҳузур дар хидмати сарбозии Тоҷикистон

Фарохони даъвати ҷавонон барои ширкат дар хидмати сарбозии артиши Тоҷикистон аз аввали апрел ағоз мешавад.

Ба нақл аз Спутник, ин фарохон то 31 май идома хоҳад дошт.

Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард: Ин фарохонро Комиссиони низомвазифа ба раёсати Ширин Исматуллозода, муовин нахуствазири Тоҷикистон содир кард. Дар ин фарохон мардони мутаваллиди солҳои 2003 ва 2002 ба хидмати сарбозӣ мераванд.

Тибқи омори расмӣ ҳамакнун дар Тоҷикстон 600 ҳазор ҷавони воҷиди шароити  ҳузур дар хидмати сарбозӣ ҳастанд, ки 150 ҳазор нафар аз онҳо ё аз хидмати артиш муоф мешаванд  ва ё барои ҳузур дар артиш салоҳиятҳои лозимро надоранд.