Мувофиқати Қазоқистон бо идомаи содироти гандум ва орд ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52487-Мувофиқати_Қазоқистон_бо_идомаи_содироти_гандум_ва_орд_ба_Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қазоқистониаш дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи идомаи содироти гандум ва орд ба Тоҷикистон тавофуқ карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 08, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Қазоқистон бо идомаи содироти гандум ва орд ба Тоҷикистон

Нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қазоқистониаш дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи идомаи содироти гандум ва орд ба Тоҷикистон тавофуқ карданд.

Ба нақл аз Спутник, дар гуфтугӯи телефонии Қоҳир Расулзода бо ҳамтои қазоқаш Аскар Мӯъмин, ду тараф тавофуқ карданд, ки Тоҷикистон дар изои воридоти орд ва гандум, ба Қазоқистон пиёз содир кунад.

Пеш аз ин ва дар паи хурӯҷи коронавирус, Қазоқистон барои таъмини ниёзҳои дохилиаш то 15 апрел содироти орд, гандум, картошка, равғани офтобпараст ва шакар ба кишварҳои мухталифро мамнӯъ карда буд.