Парвози фавқулоддаи "Сомон Эйр" барои интиқоли атбои хориҷӣ ба Олмон
(last modified Wed, 08 Apr 2020 09:27:44 GMT )
Апрел 08, 2020 14:27 Asia/Dushanbe
  • Парвози фавқулоддаи

Як ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" бо теъдоде аз атбои кишварҳои хориҷӣ, ки хостори хурӯҷ аз Тоҷикистон буданд, аз Душнабе ба мақсади Мюнхени Олмон парвоз кард.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтаанд, ки ба дархости теъдоде аз сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе, барои хориҷ кардани атбои онон бо муҷаввизи тарафи олмонӣ, ин парвози фавқулоддаро анҷом додаанд.

Дар шароити кунунӣ тамомии парвозҳои рафту баргашт аз Тоҷикистон ба хориҷ мутаваққиф шуда ва ширкатҳои хориҷӣ низ парвозҳои худро ба Тоҷикистон ба далели ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус қатъ кардаанд.