Дархости 13 созмон ва 2 вакили мудофеи ҳуқуқии тоҷик барои озодии Далер Шарипов
(last modified 2020-04-18T05:17:19+00:00 )
Апрел 18, 2020 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости 13 созмон ва 2 вакили мудофеи ҳуқуқии тоҷик барои озодии Далер Шарипов

13 созмони ҷамъиятӣ ва ду ҳуқуқшинос бо нашри як номаи дастаҷамъӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки рӯзноманигор, Далер Шариповро бидуни қайду шарт озод кунанд.

 Ба нақл аз сомонаи "Ахбор"-и Осиёи Марказӣ, Ойниҳол Бобоназарова ва Шӯҳрат Саидов  бо нашри як номаи дастаҷамъӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки рӯзноманигори мустақил Далер Шариповро бидуни қайду шарт озод кунанд.

Далер Шарипов дар поёни моҳи январ дастгир шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 16 апрел Далер Шариповро бо ҷурми "барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ” ба як соли зиндон маҳкум кард.

Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар номаи худ менависанд, ки Далер Шарипови 32-сола, ки дар мақолаҳояш масоили ҳуқуқи инсон ва озодии динро мебардошт ва аз сиёсатҳои ҳукумат дар ин арса интиқод мекард, барои фаъолиятҳои касбии журналистиаш ҳадафи таъқиб қарор гирифтааст.

 

Барчасп