Апрел 19, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Содироти бозича аз Тоҷикистон

Маҳсулоти тавлидии корхонаи бозича дар минтақаи иқтисодии Суғд ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон содир мешавад.

Ба нақл аз Фарғона, бозича ва дучархаи кӯдакон аз ҷумла маҳсулоти корхонаи Ориёно аст.

Дар ҳамон рӯзҳои аввали роҳандозии ин ширкат шурӯъ ба тавлиди автомобил, кайласка,  дучарха ва колоҳои дигар барои кӯдакон кард.

14 миллион сомонӣ (ҳудуди 1.5 миллион доллар) барои сохт ва роҳандозии ширкат сармоягузорӣ шудааст.

Пешбинӣ мешавад ҳашт хати тавлиди модерни маҳсулоти созгор бо муҳити зистро ба арзиши 20 миллион сомонӣ дар сол (2.1 миллион доллар) тавлид кунад. Ин ширкат қасд дорад камбуди маҳсулоти босифат ва эминро барои кӯдакон ҷуброн кунад, илова бар ин, соҳибони ин ширкат қасд  доранд маҳсулоти худро илова бар таъмини ниёзи дохилӣ ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо низ содир кунанд.

Мирзо ва Алишер Умаров дар декабри соли гузашта сохти корхонаро дар Суғд оғоз карданд. Воридоти  бозичаҳои босифати поини кӯдакон дар поёни соли гузашта сабаб шуд то раиси ҷумҳур дар суханронии солонаи худ дар маҷлис ба ин амр вокуниш нишон диҳад.

Бар асоси иттилооти Додситонии кулли Тоҷикистон, кори коргурӯҳи баррасии сифати маҳсулоти воридотӣ дар 196 ширкати бозаргонӣ нишон дод, ки солона 500 то 600 тонна бозича аз 20 кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки 95 дарсади ин васоили бозӣ стандард нест ва барои саломати кӯдакон хатарнок ҳастанд.

Албатта бисёре аз Тоҷикистон нигарони ин савол ҳастанд: Оё ширкати Ориёно маҳсулотеро тавлид хоҳад кард, ки мутобиқ бо стандардҳои давлатӣ ва созгор бо муҳити зист бошад.

Ба гуфтаи Тайиб Исмоил, пизишки мутахассис, беморони мубтало ба масмумияти бо иллати ношинохта ағлаб дар бемористони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ мешаванд.

Ӯ афзуд: Барои ёфтани далелҳои масмумият, мудирияти бемористон хун ва дигар моеъоти физиологикро ба маркази минтақаии пизишкии қонунӣ ирсол мекунад бо ин ҳол, ин ҳамеша мушкилро ҳал намекунад.

Ӯ гуфт : Кӯдакон мумкин аст ба иллати бозӣ б бозичаҳое, ки дорои симоб ҳастанд масмум шаванд.

Ин пизишки мутахассис афзуд: Ин мавод метавонад таъсири тӯлонимуддат бар бадан дошта бошад ва натиҷаи манфии инҳо сареъ буруз намекунад. Дар ҳоли ҳозир дар ин ширкат ҳудуди 80 нафар кор мекунанд, ки бештари онҳо зан ҳастанд. Бар асоси оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳамасола 230 то 250 ҳазор кӯдак мутаваллид мешаванд ва беш аз 60 дарсад аз ҷамъияти нуҳ миллион нафарии кишвар, ҷавонони зери 25 сол ва ҳудуди як севуми кӯдакон зери 15 сол ҳастанд. Бино барин, тақозо барои бозичаҳои кӯдакон бисёр зиёд аст ва барои муддати тӯлонӣ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Бозичаҳо нақши муҳимме дар шакл додан ба кӯдак ба унвони як фард  доранд, онҳо ҳомили иттилоот ва идеаҳое дар мавриди ҷаҳони хориҷ дар зеҳни кӯдакон ҳастанд, кӯдакон аз тариқи бозичаҳо бо дунёи ҳайвонот ошно мешаванд ба лутфи бозичаҳо, онҳо бо хирс, хиргӯш, гург, фил, асб  ва ғайра бозӣ мекунанд.