Дархости фаолони ҷомиъаи маданӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо накардани ислоҳияи қонуни тахалуфоти идорӣ
(last modified 2020-07-02T04:26:52+00:00 )
Июл 02, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости фаолони ҷомиъаи маданӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо накардани ислоҳияи қонуни тахалуфоти идорӣ

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хост ,ки ислоҳоти ин номаи тахалуфоти идориро имзо накунад.

Ба нақл аз Осиё плюс , ин ислоҳот дар Маҷлиси Тоҷикистон ба тасвиб расид ва тибқи қонун пас аз имзои раиси ҷумҳур ва иблоғ ба расонаҳо , лозимуиҷро мешавад.

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон эълон кард , дар ин ислоҳот мушахас нашуда ,ки чигуна ва чи касе мизони эътибор ва сиҳати иттилоот дар мавриди Коронаро мушахас мекунад.

Гулнисо Саид ҳамоҳангкунандаи барномаи Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дар Аврупо ва Осиёи миёна , муътақид аст ислоҳот дар ойинномаи тахалуфоти идории Тоҷикистон ба мақомот иҷоза медиҳад ,ки ба баҳонаи мубориза бо бемории Корона мумайизи ( сонсур ) ро дар расонаҳо бештаркунанд. Вай афзуд ; раиси ҷумҳурии Тоҷикистон набояд ин ислоҳотро имзо кунад зеро дар ин шароит лозим аст аз маҳдуд кардани расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ коста шавад. Нуриддин Қурайшӣ Боқиев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон  (NANSMIT ) низ гуфт ; ин ислоҳот бо ҳадафи маҳдуд кардани интишори иттилоот иҷро хоҳад шуд.

Ӯ афзуд ; мақомот метавонанд аз ин ислоҳот дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури барои афзоиши фишор ба расонаҳо истифода кунанд.

Пеш аз ин ҳам Созмонҳои мадании Тоҷикистон аз Раҳмон хоста буданд ,ки аз имзои ислоҳот дар қонуни ҷароими идорӣ худдорӣ кунад.

Фаолони маданӣ муътақиданд ,ки ин ислоҳот ба баҳонае барои пайгарди қонунии фаолон ва рӯзноманигорони мустақил табдил хоҳад шуд.

Тибқи ислоҳоти Маҷлиси Тоҷикистон афроди ҳақиқие,ки шойеъапароканӣ кунанд ва ё иттилооти дуруғ дар бораи бемории Корона дар расонаҳои навиштори ва фазои маҷозӣ мунташир кунанд 580 сомонӣ ( 56 доллар ) ва афроди ҳуқуқӣ 11600 сомонӣ ( 1128 доллар ) ҷарима мешаванд. Абдулҷабор Раҳмонзода дастёри раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури робитаҳои умумӣ ва расона низ дар мусоҳиба бо хабарнигорон, ҳамаи нигарониҳои азолии расона ва матбуотро нисбат ба ин ислоҳия бемаврид донист.