Хуруҷи атбоъи афғонистонӣ аз Тоҷикистон
94 таъаи афғонистонӣ бо итмоми таърихи раводид аз Тоҷикистон хориҷ шуданд.
Ба нақл аз Спутник , ин теъдод табаъаи афғон ба далели густариши Корона ва лағви масирҳои заминӣ ва ҳавоӣ байни ду кишвар наметавонистанд ба кишвари худ бозгаштанд.
Атбоъи афғонистонӣ бо ҳузури гувоҳӣ аз сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон аз гузаргоҳи марзии Панҷи поин ба кишварашон бозгаштанд.
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба атбоъи афғонӣе ,ки мехоҳанд ба ватани худ бозгарданд эълон кард ,ки таърихи раводиди онҳо тамдид шуда ва то чоршанбе метавонад аз тариқи Шерхон бандар бераводид Тоҷикистонро тарк кунанд.
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт ; баъд аз ин таърих, онҳо қодир ба тарки Тоҷикистон бераводид нахоҳанд буд. Ба гуфтаи Абдулмансур Баҳодурӣ раиси Созмони ғайридавлатии паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ин атбоъ аз минтақаҳои Рудакӣс, Ваҳдат ва ҳамчунин донишҷуён ва гардишагароне буданд ,ки барои муолиҷа ба Тоҷикистон омада буданд. Баҳодурӣ гуфт ; ҳамчунин байни онҳо шаҳрвандони афғонӣ буданд ,ки қасд доштанд аз тариқи Созмонҳои байналмилаллт ба Канада муҳоҷират кунанд, аммо асноди онҳо ба тасвиб нарасид ва бархе аз онҳо ба далели инқизои таърихи раводид дигар наметавонанд дар Тоҷикистон бимонанд.
Ҳудуди 4000 паноҳандаи афғон дар минтақаҳои Ваҳдат , Хатлон, Суғд, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбеи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
Тоҷикистон 16 моҳи марти имсол гузаргҳоҳи Панҷи поин дар марзи Афғонистонро баст.