Дархости Тоҷикистон барои дарёфти кумаки бештар аз Бонки рушди Осиё
Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бо ирсоли номае ба мудири кулли Бонки рушди Осиё хостори дарёфти кумакҳои бештар аз ин ниҳоди молии минтақаӣ шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, Давлаталӣ Саид дар номаи худ бо ишора ба хисороти сангини молии вируси корона ба иқтисоди Тоҷикистон, дархости дарёфти кумаки молии бештар аз Бонки рушди Осиёро матраҳ кардааст.
Вай таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар сурати идома ёфтани буҳрони КОВИД 19 мумкин аст 20 дарсад аз маҷмӯъи тавлиди нохолиси милли хешро аз даст бидиҳад.
Бонки рушди Осиё ахиран аз ихтисоси ду бахши кумаки молӣ ба Тоҷикистон ба мизони 50 миллион ва 30 миллион долларӣ барои коҳиши таъсири вируси корона бар иқтисоди ин кишвар хабар додааст.
Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин аз ин, ки теъдоди ашхоси бекор дар Тоҷикистон то поёни соли ҷорӣ метавонад ба 100 ҳазор нафар бирасад, ибрози нигаронӣ кардааст.
Аз дидгоҳи Давлаталӣ Саид рушди иқтисоди Тоҷикистон низ имсол ба ҷойи 7.8 дарсади пешбинишуда танҳо 2.4 дарсад хоҳад буд.