Июл 21, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Нишасти муштараки маҷлисҳои Тоҷикистон барои таъйини замони интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Нишасти муштараки маҷлисҳои Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар моҳи ноябри соли равонро таъйин хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин нишасти муштарак, ки 6 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, аъзои маҷлисҳои миллӣ ( сенат ) ва намояндагони Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар моҳи ноябри соли равонро таъйин хоҳанд кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки барои як давраи 7 сола интихоб мешавад, бояд 30 сол дошта бошад ва таҳсилоти донишгоҳӣ дошта бошад.

Ҳамчунин иқомати 10 сола дар кишвар ва донистани забони тоҷикӣ аз дигар шароити довталаби ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аммо бар асоси ислоҳияи соли 2016-и қонуни асосии Тоҷикистон маҳдудияти ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ барои Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури феълии ин кишвар бардошта шуд ва ӯ метавонад дар ҳамаи давраҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад.

Вай аз соли 1994 дар чаҳор интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва пирӯз шудааст.

 

Барчасп