Иртиботи вайрон кардани кохи собиқи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо як пули коғазии 100 сомонӣ
(last modified 2020-07-26T07:14:43+00:00 )
Июл 26, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
  • Иртиботи вайрон кардани кохи собиқи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо як  пули коғазии 100 сомонӣ

Бо оғози вайрон кардани кохи раёсатҷумҳурии собиқи Тоҷикистон акнун ин пурсиш матраҳ шудааст, ки сарнавишти пули коғазии 100 сомонӣ бо тасвири ин сохтимон чи хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ,  Ҷамшед Нурмуҳаммадзода- раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии хеш дар ин маврид гуфтааст, ки тасмимгирӣ дар бораи боқӣ мондан ё ҳазфи пули коғазии 100 сомонӣ бо тасвири кохи собиқи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар ихтиёри ҳукумат аст.

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Усмонов, коршиноси  тоҷик муътақид  аст, ки дар сурати вайрон кардани кохи собиқи риёсатҷумҳурии Тоҷикистон зарурате барои нигаҳ  доштани пули коғазии 100 сомонӣ вуҷуд надорад ва бояд ҳукумат дар фикри интишори пули коғазии нав бошад, ки метавонад 150 ё ҳатто 75 сомонӣ бошад.

Бар асоси тарҳи бозсозии шаҳри Душанбе бояд кохи пешини раёсатҷумҳурии Тоҷикистон вайрон шавад ва бо сармоягузории 220 миллиондолларии Чин биноҳои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон дар ҷои он сохта шавад.

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе бо ин иқдом мухолиф ҳастанд ва муътақиданд, ки биноҳои таърихӣ мояи  пайванди фарҳангии наслҳо аст, аммо гуруҳе дигар мегӯянд, ки дар замони истиқлоли Тоҷикистон бояд осори даврони ҳукумати шуравӣ аз байн биравад.

 

Барчасп