Август 07, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • Ғайриқонунӣ хондани баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи раиси Ҳизби сотсиал -демократ

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмими маҷлис барои таъйини замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии кишварро ғайриқонунӣ хонд.

Раҳматуллоҳ Зоиров афзуд, тасмими порлумони Тоҷикистон барои барномарезӣ ва таъйини замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ аст.

Вай дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: “Баргузории интихобот як моҳ қабл аз поёни давраи раёсатҷумҳурӣ ғайриқонунӣ аст ва муғойир бо қонуни интихоботи Тоҷикистон аст”.

Зоиров муътақид аст, ки санади тасвибшуда дар ҳар ду маҷлиси Тоҷикистон ҳеч ваҷоҳати қонунӣ надорад.

Раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон навишт, маҷолиси Тоҷикистон бидуни муҷаввиз ин торихро муқарар карданд.

Раҳматуллоҳ Зоиров аз Додгоҳи қонуни асосӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хост, тасмими порлумони кишвар дар хусуси таъйини замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро аз назари мутобиқат ё қонун арзёбӣ кунанд.

Порлумони Тоҷикистон ҳанӯз нисбат ба баёнияи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон вокуниш нишон надоданд.

Ин шашумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст.

Тибқи қонун раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як давраи 7 сола интихоб мешавад.

Номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон бояд ҳаддиақал 10 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошанд. Тасаллут ба забони тоҷикӣ, доштани таҳсилоти олӣ ва ҳаддиақал 30 сол син аз дигар шароити довталабони ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст.

 

 

 

 

 

Барчасп