Иллати тағйири таърихи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом шуд
(last modified Sat, 08 Aug 2020 13:45:52 GMT )
Август 08, 2020 18:45 Asia/Dushanbe
  • Иллати тағйири таърихи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом шуд

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт: Ба иллати мусоид будани шароити обуҳавоӣ ва коҳиши хатари шуйюи мавҷи дувуми корона дар моҳи октябр, интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба ёздаҳуми ин моҳ ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Муҳаммадалии Ватанзода гуфтааст аз онҷо, ки дар моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳаво чандон сард нест ва пас аз ин моҳ эҳтимоли шуйюи мавҷи дувуми корона вуҷуд дорад маҷолиси миллӣ ва ва намояндагони Тоҷикистон рӯзи 11 октябрро ба унвони таърихи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар таъйин карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки тамомии давраҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 рӯзи якшанбе аввали моҳи ноябр баргузор шудааст.

Аз сӯи дигар эълом шуд, ки Ҳизби ҳокими халқи демократи Тоҷикистон дар конгираи ҳизбии худ, ки севуми сентябр баргузор мешавад, номзади ин ҳизбро барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар расман пешниҳод хоҳад кард.