Август 15, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии нахустин номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Аввалин намояндаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи вижаи худ, ки бо ҳузури намояндагони ин ҳизб аз саросари кишвар баргузор шуд, Рустам Латифзода- раиси ҳизбро ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ кард.

Латифзода дар паёми худ таъмини амнияти давлатӣ ва марзҳо, амнияти ғизоӣ, муҳоҷират ва иштиғоли аҳолӣ ва иқтисодро аз мавзӯъот меҳвари барномаи интихоботии худ эълом кард.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар парлумони ин кишвар дорои ҳафт курсӣ аст ва баъд аз Ҳизби ҳокими халқии демократик қарор гирифтааст.

Латифзода 27 ноябри 1960 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон ба дунё омад ва хатмкунандаи Донишгоҳи кишоварзӣ аз Тоҷикистон ва муассисаи маъдани Санкт-Петербург аст.

Вай дар симатҳои муовини аввали вазири ҳифозати муҳити зисти Тоҷикистон, ноибраиси Кумитаи давлатии ҳифозат аз муҳити зист ва ҷангалдорӣ ва раёсати Комиссияи муҳити зисти маҷлис анҷоми вазифа кардааст.

Латифзода соли 2005 ба унвони муовини раис ва соли 2014 ба унвони раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳизби кишоварзии нахустин ҳизбӣ аст, ки намояндаи худро дар интихоботи Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри 2020 баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп