Корона ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбузаро дар Тоҷикистони якрӯза кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56883-Корона_ҷашнвораи_каду_тарбуз_ва_харбузаро_дар_Тоҷикистони_якрӯза_кард
Шаҳрдории Душанбе ба далели густариши вируси корона ҷашнвораи солонаи каду, тарбуз ва харбузаро дар як рӯз, яъне 30 август баргузор мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 26, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Корона ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбузаро дар Тоҷикистони якрӯза кард

Шаҳрдории Душанбе ба далели густариши вируси корона ҷашнвораи солонаи каду, тарбуз ва харбузаро дар як рӯз, яъне 30 август баргузор мекунад.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, солҳои қабл ҷашнвораи ин маҳсулоти кишоварзӣ ба таври ҷудогона баргузор мешуд, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ин ойини суннатӣ дар як рӯз дар маркази тиҷории “Меҳргон”, дар пойтахти Тоҷикистон баргузор ва ин маҳсулот ба намоиш гузошта мешавад.

Бар асоси фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, охирин якшанбеи моҳи август ҳамасола дар ин кишвар ҷашнвораи каду ва дар нахустин шанбеи моҳи сентябр дар Тоҷикистони ҷашнвораи тарбузу харбуза баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар сеюмин рӯзи шанбеи моҳи август ҷашнвораи ангур, дар сеюмин шанбеи моҳи сентябр ҷашнвораи себ ва дар нимаи ин моҳ ҷашнвораи асал баргузор мешавад.