Оё афзоиши маош дар Тоҷикистон тавони хариди мардумро боло мебарад?
(last modified Sat, 29 Aug 2020 14:46:01 GMT )
Август 29, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Оё афзоиши маош дар Тоҷикистон тавони хариди мардумро боло мебарад?

Бештари иқтисоддонони тоҷик мӯътақиданд, ки афзоиши 10 то 15 дар сади маош ва дастмуздҳои моҳона аз аввали сентябр дар Тоҷикистон тавони хариди мардумро афзоиш нахоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақли аз сомонаи Топ Ти Ҷӣ , ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ афзоиши 10 то 15 дарсадии маоши моҳона  дар Тоҷикистон афзоиши қӣматҳо ва таваррумро дар ин кишвар ҷуброн нахоҳад кард .
Бештар кормандони идороти давлатӣ дар шароити густариши вируси корона , коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва афзоиши қиммати маводи ғизоӣ, ки қудрати хариди ононро ба шиддат коҳиш додааст , наметавонанд бо маоши моҳонаи 700 то ҳазору 200 сомонӣ ба беҳбудии авзои маъишатии хонаводаҳои хеш умедвор бошанд .
Ба гуфтаи Назаралӣ Назаралиев иқтисоддони тоҷик  дар ҳол,  ки ҳаддиақали маоши моҳона дар Тоҷикстон 400 сомонӣ ( муодили 41 длор) , миёнгини ҳуқуқи кормандони идороти давлатӣ ҳазору 406 сомонӣ (   муодили 136 доллар ) ва маоши бознишастагӣ 303 сомонӣ (   муодили 31 доллар ) аст , афзоиши 10 то 15 дарсадии ҳеҷ таъсире дар қудрати хариди ин афрод нахоҳад дошт .
Аз сўӣ дигар  ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки мизони маошу дастмуздҳои муаввақа дар ин кишвар ба 60 миллиону 600 ҳазор сомонӣ (   муодили 5 миллиону 800 ҳазор доллар ) расида аст .
Гуфта мешавад, ки 32 ва чаҳор даҳум дарсад аз маошҳои муаввақаи марбут ба сокинони марказии Тоҷикистон , 30 ва ду даҳум  дарсади марбут ба вилояти Суғд ва 23 -ю ним  дарсад дар шаҳр Душанбе аст .