Сентябр 04, 2020 21:13 Asia/Dushanbe
  •  Эмомалӣ Раҳмон номзади интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон шуд

Раиси дафтари Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон эълом кард, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ ва раиси ин ҳизб ба унвони номзади расмии ҳизби ҳоким дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Абдураҳмон Хонов гуфтааст, дар кунгураи ин ҳизб, ки бидуни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, 900 намоянда бидуни ҳатто як раъйи мухолиф аз номзадии вай барои интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол ҳимоят карданд.

Аз миёни 4 миллион фарди воҷиди шароити раъй додан дар Тоҷикистон 15 дарсад узви ҳизби ҳокими халқи демократӣ ҳастанд, ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 фаъолият мекунад ва дорои 500 ҳазор узв аст.

 

 

 

 

Барчасп