Сентябр 05, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Номзади ғайри ҳизбии интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти минтақаӣ фарохонда шуд

Вакили мудофеи 30 солаи сокини шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки муддаӣ буд дар интихоботи раёсатҷумҳурии имсол Тоҷикистон ба унвони номзади мустақил ширкат хоҳад кард, ба идораи мақомоти аманиятии ин минтақа фаро хонда шудааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Фаромӯз Иргашев рӯзи 4 сентябр эълом кард, ки қасд дорад дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ба унвони номзади мустақил ширкат кунад.

Вай меҳвари аслии барномаи интихоботии хешро мубориза бо беадолатии иҷтимоӣ, фасод ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Иргашев бар асоси қарори қаблӣ, барномаи мусоҳибаиро бо шабакаи телевизионии русзабони «Настоящее Время» тадорук дида буд.

Замоне, ки хабарнигорони ин шабакаи ба сӯроғ аригаш аф рафтанд, бастгонаш эълом карданд, ки кормандон идора амният милли вилоят Бадахшон ӯро бо худ бурдаанд.

Қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод номзадҳоро танҳо аз тариқи аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои синфӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ муҷоз медонад.

Бо ин ҳол Фаромӯз Иргашев муддаӣ аст, ки ин қонун ба сароҳат пешниҳоди номзадҳои мустақилро барои ширкат дар интихобот раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ намекунад.

 

Барчасп