Самти ҳаракати илмии Тоҷикистон дар солҳои пас аз истиқлолият
Ҳамзамон бо 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии саводнокӣ, дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳое дар бораи сатҳи дониши насли ҷавон идома дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи , Ҷалолиддин Амиров корманди аршади вазорати маорифи улуми Тоҷикистон гуфта аст, ки 90 дар сад донишомӯзону донишҷӯёни ин кишвар босавод ҳастанд .
Вай мӯътақид аст афроди босавод ононе ҳастанд, ки ба ғайр аз забони модарӣ , як забони хориҷиро низ бидонанд , бо улуми роёнаӣ ошно буда ва аз иттилооти умумии муносибе бархурдор бошанд .
Бо ин ҳол бархе коршиносон мӯътақиданд, ки дар Тоҷикистон ва ба вижаи манотиқи деҳоти ин кишвар дарсҳои омӯзиши роёна фаъол несту ба далели набуди муаллими омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ ғайримумкин аст .
Ҳамчунин ба иллати бад будани авзоъи иқтисодии теъдоди зиёде аз донишомӯзон муҳоҷирати корӣ ба Русияро бар вуруд ба донишгоҳҳо тарҷеҳ медиҳанд .
Иршоди Сулаймонӣ таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки барои иртиқоии кайфии омӯзиш дар Тоҷикистон бояд инҳисори давлат аз омӯзишу парвариш бардошта ва заминаи фаъолияти мадорису донишгоҳҳои ғайридавлатӣ низ фароҳам шавад, ки дар фазои рақобатӣ метавон ба натоиҷи дилхоҳе расид.
Шумори дигаре аз таҳлилгарон мегӯянд, ки дониш ва саводи насли ҷавони тоҷик дар муқоиса бо даврони Шуравӣ ба маротиб коҳиш ёфта аст .