Баррасии ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон ва Фаластин
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо сафири Фаластин дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои парлумониро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода-раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо Луай Исо- сафири Фаластин дар ин кишвар аз барномаи Душанбе барои густариши робитаҳои ҳамаҷониба аз ҷумла ҳамкориҳои парлумонӣ бо Фаластин хабар дод.
Зокирзода гуфт:Ба манзури тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ бо Фаластин таъсис шудааст ва Тоҷикистон ҳеҷ монеае дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо бо Фаластин намебинад.
Тарафҳо дар ин дидор бо ибрози ризоят аз омодасозии 20 созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин, таъкид кардаанд, ки ҳафт тавофуқнома дар марҳилаи имзои ниҳоӣ ва шаш қарордод низ дар ҳоли баррасӣ аст.
Луай Исо-сафири Фаластин дар Душанбе низ дар ин дидор хостори густариши бештари робитаҳои Тоҷикистон бо кишвараш шуд ва гуфт,ки ин мавзӯъ мӯҷиби таҳкими дӯстии мардумон ва тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад шуд.