Ҷомеаи мадании Тоҷикистон иллати қатъи саросарии Интернетро пайгирӣ мекунад
(last modified Sun, 20 Sep 2020 06:39:21 GMT )
Сентябр 20, 2020 11:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷомеаи мадании Тоҷикистон иллати қатъи саросарии Интернетро пайгирӣ мекунад

Намояндагони ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон тавзеҳи расмӣ ва катбии Хадамоти алоқаи ин кишварро дар бораи иллати қатъи саросарии Интернет дар рӯзи 16 сентябр хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, шомгоҳи 16 сентябр аз соати 18:50 дақиқа то 21 ба вақти Тоҷикистон иртиботи интернетӣ дар саросари ин кишвар қатъ шуд, ки мақомоти расмӣ иллати ин ҳодисаро масоили фаннӣ дар Хадамоти алоқа унвон карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки манобеи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки қатъи саросарии Интернет дар Тоҷикистон дақиқан замоне иттифоқ афтод, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси Паймони миллии мухолифон, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебарад дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико суханронӣ дошт.

Дар баёнияи ҷомеаи мадании Тоҷикистон таъкид шудааст, ки қатъи саросарии Интернет нақзи ошкори Конвенсияи ҳуқуқи башар аз ҷумла ҳаққи дастрасии озод ба Интернет аст, ки то ба ҳол мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин заминаи тавзеҳи расмӣ надодаанд ва ин худ поймолсозии дигаре барои ҳуқуқи корбарони Интернет аст.

Ҷомеаи мадании Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки нодида гирифтани ҳаққи дастрасии мардум ба иттилооти озод дар ин кишвар поён дода шавад.