Сентябр 21, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти сангҳо ва фулузоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон

Тоҷикистон таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ содироти сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва фулузоти гаронбаҳоро дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли гузашта 49.1 дарсад афзоиш дода аст .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси омори Тоҷикистон , дар ҳашт моҳи нахусти имсол содироти сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва фулузоти гаронбаҳо ба арзиши молии 595 миллион доллар буда, ки дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли қабл афзоиши 470 миллион доллариро нишон медиҳад .Дар маҷмӯъ мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи нахусти имсол ба 1 44 100 000 доллар расида, ки 57 дарсади он аз ҳисоби фуруши сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва фулузоти гаронбаҳо таъмин шуда аст .

Кишвари Шветсария яке аз асоситарин  харидорони сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва фулузоти гаронбаҳои Тоҷикистон аст .

 Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистону Шветсария дар ҳашт моҳи имсол ба 598 200 ҳазор доллар расида, ки саҳми Тоҷикистон 594  300 ҳазор доллар эълом шуда аст .

 Бахши қобили мулоҳизаи сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва фулузоти гаронбаҳои Тоҷикистон ба хориҷ дар шакли хом содир мегардад .

 

Барчасп