Баҳрабардорӣ аз мактаби сохтаи Узбакистон дар вилояти Суғд
Мактаби нави сохтаи Узбакистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо ҳузури вазирони маориф ва илми Тоҷикистон ва Узбакистон ба баҳрабардорӣ расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , ин воҳиди омӯзишӣ барои 640 донишомӯз сохта шуда аст .
Мактаби нави сохти Узбакистон дар ноҳияи Спитамен дар замине ба масоҳати 2 гектар, дорои се бинои омӯзишӣ , толори ҷаласаҳо,ошхона ва варзишгоҳ аст.
Пеш аз ин қарор буд ин мактаб бо ҳузури нахуствазирони ду кишвар дар Наврӯзи имсол ифтитоҳ шавад , аммо ба далели нигарониҳо аз густариши корона баҳрабардорӣ аз он ба охири моҳи сентябр вогузор шуд .
Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2018 барои сохти ду мактаб дар шаҳрҳои Самарқанд ва ноҳияи Спитамен, ҳар як ба зарфияти 640 донишомӯз ба тавофуқ расида буданд, ки Тошканд дар ин замина ба ваъдаи худ амал кард.