Октябр 21, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ мегуяд корона фақрро дар Тоҷикистон андаке афзоиш хоҳад дод
    Бонки ҷаҳонӣ мегуяд корона фақрро дар Тоҷикистон андаке афзоиш хоҳад дод

Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ карда аст, ки имсол мизони фақр дар Тоҷикистон ба 26.5 дарсад хоҳад расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 0.2 дарсад бештар хоҳад буд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, ба нақл аз сомонаи centralasia.media коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мегуянд, ки то қабл аз оғози ҳамагирии КОВИД 19 дар Тоҷикистон мизони фақр дар ҳоли коҳиш ёфтан буд, аммо акнун ба далели таътилии касбу корҳо , коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир ва содироти маҳсулот ба хориҷ, ин нишондод афзоиш хоҳад дошт .

 Дар солҳои 2018 ва 2019 дар Тоҷикистон мизони фақр дар манотиқи рустоӣ беш аз 30 дарсад ва дар шаҳрҳо байни 18 то 21 дарсадро ташкил мекард.

 Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид шуда аст, ки аз ҳар панҷ зани оиламанд ду нафар аз коҳиши масрафи маводи ғизоӣ хабар додаанд ва 20 дарсади хонаводаҳо гуфтаанд, ки наметавонанд хароҷоти дармони беморони худро пардохт кунанд.

 5 дарсад низ гуфтаанд ки дар моҳи августи имсол нахустин бор аз давлат кумаки молӣ дарёфт кардаанд.

 Бар асоси омори Бонки ҷаҳонӣ 70дарсад аз фурсатҳои корӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2019 коҳиш ёфта аст.

 

бештар бихонед

Барчасп