Мамнуияти фаъолияти бошгоҳҳои шабона дар Хуҷанд
(last modified Sat, 24 Oct 2020 07:22:18 GMT )
Октябр 24, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  • 45 дарсади беморони куруноӣ дар Хуҷанд дар маросими арӯсӣ олуда шудаанд
    45 дарсади беморони куруноӣ дар Хуҷанд дар маросими арӯсӣ олуда шудаанд

Сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд аз баста шудани 8 бошгоҳи шабона ба далели нақзи тавсияҳои беҳдоштӣ дар шароити густариши вируси куруна хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Маъмур Юсуфзода гуфтааст, ки фаъолияти ин марокиз дар пайи дастури мақомоти назорат бар фаъолияти марокизи беҳдоштии шаҳри Хуҷанд мамнӯъ шудааст.

Ваӣ афзуд, қаблан ба масъулони ин марокиз дар мавриди зарурати мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густуриши Ковид-19 ҳушдор дода шуда буд.

Сухангӯи шаҳрдории Хуҷанд идома дод, ба далели хатари густариши вируси куруно дар Хуҷанд, фаъолияти ин марокиз то замони одди шудани авзоъ ва озмоиши кормандони онҳо барои итминон аз саломатии ин афрод, мамнӯъ шудааст.

Чанд рӯз қабл мақомоти шаҳрдории Хуҷанд бо эъломи инки 45 дарсад аз беморони Ковид- 19 дар ин шаҳр дар пайи ҳузур дар маросими арӯсӣ олӯда шудаанд, дастури маҳдӯдияти шадид дар ин заминаро содир карданд .

Маҳдӯдиятҳои ҷадиди маросими арӯсӣ дар Хуҷанд

Бар асоси гузориши мақомоти идораи тандурустии шаҳри Хуҷанд то ба имрӯз 4 ҳазору 700 мавриди ибтилои сокинони маркази вилояти Суғд ба Ковид- 19 сабт шуда, ки беш аз 3 ҳазорнафар дар бемористонҳо ва ҳазору 500 тан низ дар хонаҳои хеш таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Ҷаримаи афрод дар Хуҷанд барои надоштани ниқоб

Тақвияти тадобири вижа барои ҷилавгирӣ аз густариши куруно дар Хуҷанд  

Баста шудани чанд маркази тиҷорӣ ва хадамотӣ дар Хуҷанд ба далели нақзи муқаррароти беҳдоштӣ