Ноябр 04, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон то имрӯз 11 ҳазору 179 бемори Ковид -19 муайян карда шудааст
    Дар Тоҷикистон то имрӯз 11 ҳазору 179 бемори Ковид -19 муайян карда шудааст

Шумори беморони короноӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 40 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 179 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар тоҷикистон то соати 19 рӯзи чаҳоршанбе 4 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 83 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 179 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 10 ҳазору 441 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи охир 52 бемори короноӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп