Тавзеҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи тирандозӣ дар шаҳри Хоруғ
-
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи тирандозӣ дар шаҳри Хоруғ тавзеҳ дод
Дар пайи интишори ахбор ва тасвирҳое аз ҳодисаи тирандозӣ дар маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ Вазорати корҳои дохилии ин кишвар тавзеҳоте дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасовире аз тирандозӣ дар шаҳри Хоруғ мунташир шуд, ки нишон медиҳад кормандони интизомӣ ба сӯи мошине тир парронданд .
Мунташиркунандагони ин матлаб таъкид кардаанд, ки бар асари ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки шаби 4 ноябр маъмурони полиси ноҳияи Шуғнон ронандаи Toyota Сино Зикруллоҳ Бековро фармуданд, ки истад, аммо ӯ ба ин фармон гӯш надода, фирор кардааст.
Дар идомаи баёния омадааст: "Пас аз фирори Сино Зикруллоҳ Беков кормандони постгоҳ ба таъқиби вай иқдом кардаанд ва ҳангоми вуруд ба шаҳри Хоруғ гурӯҳи 15 нафарӣ аз ҷавонони маҳаллӣ қасди ҷилавгирӣ аз амалиёти полисро доштанд, ки барои мутафарриқ кардани онон аз шиллики ҳавоӣ истифода шудааст."
Гуфта мешавад,, ки бо вуҷуди тирандозӣ ба чархҳои ин мошин, ронандаи мошин то замони интишори хабар боздошт нашудааст.
Дар вилояти Бадахшон барномаи махсуси таъмини тартибот ва амният аз соли 2018 ба ин сӯ идома дорад ва одамони зиёде боздошт ва баъзе силоҳу муҳимот мусодира карда шуданд.
Бештар бихонед: