Ноябр 08, 2020 13:23 Asia/Dushanbe
  • Ковид -19 донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои хориҷиро дар кишварашон мондагор кардааст
    Ковид -19 донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои хориҷиро дар кишварашон мондагор кардааст

Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ, ки ба далели густариши вируси корона наметавонанд ба кишвари маҳалли таҳсили худ бираванд, аз омӯзишҳо дар фазои маҷозӣ ба далели қатъи барқ, гаронии қимат ва суръати пойини интернет дар Тоҷикистон шокӣ ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, теъдоде аз донишҷӯёни бурсияи тоҷик, ки бояд барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия, Украина, Чин, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мерафтанд, ин рӯзҳо ба далели густариши Ковид -19 дар Тоҷикистон мондагор шудаву аз тариқи фазои маҷозӣ таҳсили худро пайгирӣ мекунанд.

Аммо теъдоди зиёде аз ин донишҷӯён мегӯянд, ки қатъи барқ, гаронии қимат ва суръати пойини интернет ононро барои дарёфти омӯзишҳои донишгоҳӣ дар фазои маҷозӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст .

Аз чанде пеш то кунун дар бештари манотиқи Тоҷикистон ҳамарӯза аз соати 8 субҳ то 17 аср барқ қатъ мешавад ва масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” иллати ин авзоъро мушкилоти фаннӣ эълом кардаанд.

Ҳамчунин қимати як гигабайт интернет дар Тоҷикистон 20 сомонӣ (наздик ба 2 доллар) аст, ки бо тавваҷуҳ ба суръати кунди он барои корбарон гарон ба назар мерасад.

Ба гузориши Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон, 34 ҳазор донишҷӯ дар марокизи омӯзишии 30 кишвари хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 26 ҳазор нафари онон донишҷӯи донишгоҳҳои Русия ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп