Ноябр 09, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳосили картошка дар соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст
    Ҳосили картошка дар соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст

Дар Тоҷикистон то аввалҳои моҳи ноябр 800 ҳазор тонна картошка бардошт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ин миқдор картошкаи бардоштшуда дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 58 ҳазор тонна бештар аст.

Картошка пас аз орди гандум дувумин маҳсул дар сабади ғизоии хонаводаҳои Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин кишвар ҳар сол ба як миллиону 200 ҳазор тонна картошка ниёз дорад, ки таъмини ҳамаи ин миқдор аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ғайримумкин аст.

Картошка дувумин маҳсули кишоварзии пурмаҳсул дар Тоҷикистон аст

Бо вуҷуди талошҳои давлати Тоҷикистон барои афзоиши майдони кишт, тавлиди картошка дар 10 соли ахир танҳо 50 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Қаблан, Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои Тоҷикистон аз Афғонистон, Покистон ва то ҳадде аз Русия картошка ворид мекард, аммо имсол ба далели паҳн шудани вируси корона ва баста шудани марзҳо, воридот коҳиш ёфт ва нархҳо боло рафт.

Дар моҳи октябр қиммати ҳар килограмм картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 2,5 сомонӣ буд, ки акнун ба 3,5 сомонӣ расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп