Камбуди китобҳои дарсӣ дар мактабҳои вилояти Хатлон
Масъулони мактабҳо ва омӯзгорони вилояти Хатлон аз камбуди шадиди китобҳои дарсӣ дар марокизи омӯзишии ин минтақа шикоят мекунанд, ки бар раванди омӯзиши улум таъсири манфӣ мегузорад.
Ба гузориши аз сомонаи Pressa.tj, омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Қубодиён гуфтаанд, ки дар риштаи ҳуқуқи башар барои 30 донишомӯз танҳо як ҷилд китоби дарсӣ ва барои таърихи мардуми тоҷик ду ҷилд китоб вуҷӯд дорад, ки ин мавзӯ мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меояд.
Шоҳмардон Шоҳинов, китобдори идораи маорифи ноҳияи Қубодиён мегуяд, ки дар мактабҳои ин минтақа 14 ҳазор ҷилд китоби дарсӣ дар риштаҳои физик, риёзӣ, химия, ҳандаса, зистшиносӣ ва забонҳои русӣ ва англисӣ камбуд вуҷӯд дорад.
Вай таъкид кардааст, ки дар ин минтақа китобхонаи иҷора додани китобҳои дарсӣ роҳандозӣ шуда, ки маблағи қарзи он акнун ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст.
Дар ноҳияҳои марзии Шаҳритус низ камбуди 9 ҳазор ҷилд китоби дарсӣ мушоҳида мешавад.
Вазъи мушобеҳ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мушоҳида мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Набуди имконоти аввалия дар сайёрӣ аз мактабҳои вилояти Хатлон
- Гузориши вижа: аҳаммияти китоб ва китобхонӣ дар асри интернет