Ноябр 15, 2020 20:31 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 37 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
    Шиносоии 37 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

37 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони коронаӣ дар ин кишвар бо шиносоии ин 37 бемори ҷадид ба 11 ҳаору 610 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар тоҷикистон то соати 19 рӯзи якшанбе 15 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 85 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 610 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 10 ҳазору 973 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 39 бемори Ковид-19 ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп