Коҳиши фақр дар Тоҷикистон: 60 дарсад дар 20 сол
(last modified Tue, 17 Nov 2020 16:19:16 GMT )
Ноябр 17, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз коҳиши 60 дарсадии фақр дар ин кишвар хабар дод
    Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз коҳиши 60 дарсадии фақр дар ин кишвар хабар дод

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки дар 20 соли ахир мизони фақр дар ин кишвар ҳудуди 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Завқӣ Завқизода гуфтааст, ки бо иҷро шудани барномаҳои ҳукумат дар заминаи фақрзудоӣ мизони фақр дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар соли 2000 ба 26 дарсад дар соли 2020 расидааст.

Ба гуфтаи Завқизода, саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон, ки дар соли 2000 наздик ба 289 сомонӣ буд, дар соли 2020 ба 8 ҳазору 388 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, миёнгини маоши моҳона низ, ки дар соли 2000 андаке беш аз 15 сомонӣ буд, акнун ба 1 ҳазору 335 сомонӣ расидааст, ки дастоварди муҳиме ба ҳисоб меояд.

Завқизода гуфт, бахши даромади буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2000 камтар аз 300 миллион сомонӣ буд, ки дар соли 2019 ба 23. 5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2000 ҳудуди 5 миллион нафар буд, ки акнун ба 9 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп