Бозгушоии роҳи Душанбе - Хуҷанд пас аз бориши барфи шадид
(last modified Sat, 21 Nov 2020 06:19:42 GMT )
Ноябр 21, 2020 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ронандагон ва мусофирон аз сафарҳои ғайризарӯрӣ хӯддорӣ кунанд
    Ронандагон ва мусофирон аз сафарҳои ғайризарӯрӣ хӯддорӣ кунанд

Роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки бар асари бориши барфи шадид баста шуда буд, бозгушоӣ шуд.

Ба сомонаи Топ Тҷ, дар пайи бориши барфи сангин ва баста шудани бархе манотиқи ин роҳ, ҳаракати мошинҳои боркаш дар ин масир ба таври муваққат мамнӯъ шуда буд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон акнӯн ин мушкил бартараф шудааст ва ронандагон метавонанд бо эҳтиёт ва ба ҳамроҳи доштани васоили эминӣ дар ин масир ҳаракат кунанд.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон ҳам эълом кардааст, ки рӯзи 21 ноябр дар ин кишвар ҳаво ба шиддат сард мешавад ва дар манотиқи кӯҳистонӣ барф меборад. Бар ин асос аз ронандагон ва мусофирон хоста шудааст аз сафарҳои ғайризарӯрӣ, худдорӣ кунанд.

Роҳи Душанбе - Хуҷанд танҳо масир иртиботие аст, ки пойтахти Тоҷикистонро ба маркази вилояти Суғд муттасил мекунад ва дар тули 410 километрии ин роҳ наздик ба 10 истгоҳи дарёфти авориз мустақар аст.

Ин роҳ бо қарзи 281 миллиондолларии Чин бозсозӣ шуда, ки муддати бозпардохти ин қарз 20 сол бо фоизи 2 дарсади аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: