Омодагии Чин барои сармоягузории бештар дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 Nov 2020 08:31:24 GMT )
Ноябр 23, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони Академияи илми Тоҷикистону Чин ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд
    Намояндагони Академияи илми Тоҷикистону Чин ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд

Намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Чин ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯби тарҳи як камарбанди як ҷода таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор гардид,  Гао Сян муовини фарҳангистони улуми иҷтимоии Чин гуфтааст , ки дар чорчӯби ин тарҳи сохти корхонаҳои ҷадиди санъатӣ, бозсозии марокизи тавлидӣ, густариши шабакаҳои иртиботии ҳамлу нақл, тиҷорати дуҷониба, кишоварзӣ, энергетика ва гардишгарии Тоҷикистон дар назар мебошад. 

Вай ҳамчунин рақамӣ ( диҷиталӣ ) кардани раванди рушди иқтисод, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши беҳдошту дармон ва омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чинро аз дигар пешниҳодҳои Пекин ба тарафи Тоҷикистони унвон кард.
 
Абдусаттор Саидов муовини раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора бар таҳсили наздик ба 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар марокизи омӯзишии  Чин ибрози умедворӣ кардааст, ки дар оянда ин афрод барои рушди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз донишу таҷрибаҳои андӯхтаи хеш дар Чин саҳми арзишманд ҳамроҳ хоҳанд кард.
 
 Аз дидгоҳи Саидов таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону  Чин дар чорчӯби тарҳи як камарбанди як ҷода нишон медиҳад, ки Душанбе ва Пекин дар ӣи замина азму иродаи ҷиддӣ доранд.

Дар ҳоли ҳозир Чин бузургтарин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст ва 48 дарсад аз кулли қарзи 3 миллиарду 700 миллион долларии хориҷии Тоҷикистон ба ин кишвар аст.

 

Бештар бихонед: