38 тоҷикистонии дигар гирифтори корона шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i59325-38_тоҷикистонии_дигар_гирифтори_корона_шуданд
Номи 38 нафари дигар ба феҳристи беморони корона дар Тоҷикистон афзуда шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 23, 2020 22:22 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 942 нафар расид
    Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 942 нафар расид

Номи 38 нафари дигар ба феҳристи беморони корона дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид- 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 942 нафар расида аст.

 Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи душанбеи 23 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.


Аз 11 ҳазору 942 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 312 нафар беҳбуд ёфтаанд.
 
Дар шабонарӯзи гузашта 41 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.
 
 
 
Бештар бихонед: