Афзоиши даҳ дарсадии арзоварии саноатӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 24 Nov 2020 07:09:05 GMT )
Ноябр 24, 2020 12:09 Asia/Dushanbe
  • Арзиши маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 24 миллиард сомонӣ бароварда шудааст
    Арзиши маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 24 миллиард сомонӣ бароварда шудааст

Арзиши маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли равон 10 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, арзиши тавлидоти саноатӣ  дар Тоҷикистон дар поёни семоҳаи сеюми имсол беш аз 24 миллиарду 300 миллион сомонӣ (беш аз 2,1 миллиард доллар) бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 мелодӣ 10 ва 7 даҳум дарсад афзоиш ёфтааст.

Афзоиши арзиши тавлидоти маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар ин давра бо афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи барқ ​​ва коркарди маҳсулот алоқаманд аст ва зиёда аз 21 миллиард сомонӣ ин даромад ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ марбут аст.

Ҳамин тариқ, дар ин давра истеҳсолот дар соҳаи коркард беш аз 14 ва нӯҳ даҳум миллиард ва нерӯи барқ ​​беш аз 5 ва ҳашт даҳум миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар охири 9 моҳи аввали соли 2020 барои Тоҷикистон.

 

Бештар бихонед: