Ноябр 24, 2020 22:42 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, дар Тоҷикистон маркази ҳамоҳангии иттилооти Ковид - 19 таъсис мешавад
    Намояндаи дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, дар Тоҷикистон маркази ҳамоҳангии иттилооти Ковид - 19 таъсис мешавад

Намояндаи дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз таъсиси маркази ҳамоҳангӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҷзияи иттилооти дақиқ аз бемории Ковид -19 дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Катрин Смолвуд гуфт: “Барои ҷамъоварии иттилооти дақиқ аз вазъи Ковид - 19 қарор шуд, ки бо кумаки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маркази ҳамоҳангӣ таъсис шуд”.

Огоҳии Смолвуд аз вазъи корона дар Тоҷикистон

  • Смолвуд афзуд: “Ман авоили моҳи ноябр дар Тоҷикистон будам ва аз наздик бо иқдомоти Вазорати тандурустии ин кишвар барои муқобила бо густариши вируси корона ошно шудам. Агар маркази ҳамоҳангии мавриди назари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсис шавад, мо метавонем ба итилои дақиқ аз вазъи Ковид - 19 дар ин кишвар огоҳии дуруст пайдо кунем".

 

Вай афзуд: "Зеро ҳанӯз ҳам дар мавриди ирсоли иттилоот аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ дар бораи теъдоди беморон, афроди шифоёфтаву вазъи мубориза бо Ковид - 19 мушкилоте вуҷуд дорад”.

Ҳамчунин доктор Олег Стороженко, корманди Ситоди намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон муътақид аст, ки таъсиси чунин марказ заминаи таҳияи иттилооти дақиқ аз теъдоди мубталоён ба Ковид – 19 ва тадбирҳои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ дар Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп