Кумаки 10 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои расади авзои кӯли Сарез
(last modified Fri, 27 Nov 2020 17:12:49 GMT )
Ноябр 27, 2020 22:12 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Бонки Рушди Осиё барои баррасии авзои кӯли Саррез
    Кумаки Бонки Рушди Осиё барои баррасии авзои кӯли Саррез

Бонки Рушди Осиё аз додани кумаки билоивази 10 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои бозсозии таҷҳизоти назоратӣ бар фаъолияти кӯли Сарез хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин кумаки молии ройгон барои харид ва насби дастгоҳҳои мавқеиятёб (GPS) ва амперҳои санҷиши фишори об, таҳаввулоти эҳтимолии ношӣ аз зилзилаву дигар ҳаводиси табиӣ, ҳавопаймои бидуни сарнишин ба манзури аксбардории ҳавоӣ, телефонҳои моҳвораӣ ва таҷҳизоти ҳушдордиҳанда ҳазина хоҳад шуд.

Ба иттилои дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе, кори насби таҷҳизоти ҳушдордиҳанда дар минтақаи кӯли Сарез барои расади шабонарӯзии авзои ин кӯл дар моҳи июли соли 2021 ба поён мерасад.

Кӯли Сарез бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва суқути қитъаи бузурге аз кӯҳ бар сари роҳи рӯди Мурғоб, дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии се ҳазору 263 метрӣ аз сатҳи дарё падид омадааст.

Тӯли ин дарёча 70 километр, умқи он 505 метр ва захираи оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст.