Ноябр 28, 2020 14:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни Соли нав  барои ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон манъ шуд
    Ҷашни Соли нав барои ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон манъ шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон густариши мавҷи дувуми бемории корона дар бархе аз кишварҳои ҷаҳонро далели мамнӯияти баргузории маросими Соли нави милодӣ дар кишвараш эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ҳайати ҳукумат гуфт, барои ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон ҳар навъи маросими таҷлил аз Соли нави милодӣ, аз ҷумла насби дарахти арча, нишастҳои фарҳангӣ, барномаҳои умумӣ дар марокизи омӯзишӣ ва идороту созмонҳо мамнӯъ аст ва ниҳодҳои марбут бояд иҷрои ин дастурро дар тамомии идорот пайгирӣ кунанд.

Ҷашни соли нави милодӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд

Вай ҳамчунин пайбандӣ ба муқаррароти беҳдоштӣ, илзом ба истифода аз ниқоб дар маконҳои умумӣ ва риояти фосилаи иҷтимоӣ дар марокизи тиҷорӣ ва васоили нақлияи умумии кишварашро хостор шудааст.

Рӯзи 18 ноябр Ситоди кишварии муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19 баргузории ҷашни соли нави 2021-ро дар ин кишвар мамнӯъ кард.

Назорат бар иҷрои ин дастур бар ӯҳдаи вазоратҳои корҳои дохила ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп