Ноябр 30, 2020 13:16 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати дохилӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
    Тиҷорати дохилӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз коҳиши беш аз 7 дарсадии тиҷорати дохилӣ дар ин кишвар аз ибтидои имсол хабар додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин муддат мизони тиҷорати дохилии Тоҷикистон ба 25 миллиарду 700 миллион сомонӣ ( муодили 2 миллиарду 200 миллион доллар ) расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 7 -у се ҳам дарсади коҳиш нишон медиҳад.
 
 Индекси сарикасии аҳолии Тоҷикистон, ки беш аз 9 миллиону 450  ҳазор нафаррии Тоҷикистон, 2 ҳазору 700 сомонӣ аст.

Дар ин миён саҳми маводи ғизоӣ дар тиҷорати дохилии Тоҷикистон, аз ҷумла орду нон, анвои қанду шакар, гӯшт, равғани моеъу мева ва сабзиҷот ба 9 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст,  ки 42 дарсади кулли тиҷорати дохилӣ дар ин кишвар аст.
 
Аммо саҳми маҳсулоти саноатии 11 миллиарду 100 миллион сомонӣ баробар бо 50 ва нӯҳ даҳум дарсад аз кулли тиҷорати дохилии Тоҷикистон аст.
 
Бештарин фурӯши маҳсулоти саноатӣ ба либос, пойафзол, материал, лавозими хонагӣ, васоили барқӣ  масолеҳи сохтмонӣ, мошин ва сӯзишворӣ ихтисос дорад. 
 
Дар 10 моҳи ахир 4 миллиарду 100 миллион сомонии сӯзишворӣ ва беш аз 531 миллион сомонии анвоъи мошин дар Тоҷикистон ба фурӯш расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп