Декабр 02, 2020 22:51 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагон бар асари корона дар Тоҷикистон ба 87 тан расид
    Шумори ҷонбохтагон бар асари корона дар Тоҷикистон ба 87 тан расид

Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон, теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷон‌бохтагони корона дар ин кишвар низ то соати 19 рӯзи чаҳоршанбе, дувуми декабри 2020 бо як маврид афзоиш 87 нафар эълом шуд.

Аз 12 ҳазору 269 бемори гирифтори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 677 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 37 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп