Маҳдудияти вуруди васоили нақлияи мусофиркаш аз ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе
(last modified 2020-12-15T08:37:20+00:00 )
Декабр 15, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Мусофиркашҳои шарқ ва ҷануб наметавонанд вориди пойтахт шаванд
    Мусофиркашҳои шарқ ва ҷануб наметавонанд вориди пойтахт шаванд

Шаҳрдории Душанбе вуруди васоили нақлияи мусофиркаш аз ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ба пойтахти ин кишварро маҳдуд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, аз оғози соли 2021 васоили нақлияи мусофиркаш, ба вижа таксиҳо ва микроавтобусҳо аз Хатлон ва шарқи Тоҷикистон, наметавонанд вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд ва маҷбуранд мусофиронро дар терминалҳои вурудӣ пиёда кунанд.

Аммо мусофироне, ки аз навоҳии шарқи Тоҷикистон дар терминали "шарқи тросс" пиёда мешаванд,  метавонанд бо истифода аз автобусҳо ва микроавтобусҳои ширкати ҳамлу нақли шаҳрдории Душанбе вориди пойтахт шаванд. Ҳамчунин барои мусофирон вурудӣ аз вилояти Хатлону ноҳияи Рӯдакӣ терминали ҷанубии мавсум ба "дарвозаи ҷанубӣ" барои пиёда шудани онон таъин шудааст, ки дар идомаи масир бо автобусҳо, автобусҳои барқӣ ва микроавтобусҳои ширкати ҳамлу нақли шаҳрдории Душанбе метавонанд вориди пойтахт шаванд, вале ин маҳдудият шомили мусофирони вурудӣ аз вилояти Суғду ноҳияи Варзоб намешавад.

 

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки маҳдудиятҳо барои пешгирии роҳбандӣ, ҳифзи муҳити зист ва танзими ҳаракати нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон равона шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп